Афзоиши 2.5 баробарии содироти Эрон ба Бразилия
(last modified Sat, 05 Oct 2024 09:05:21 GMT )
Октябр 05, 2024 14:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2.5 баробарии содироти Эрон ба Бразилия

Мудири кулли Аврупо ва Амрикои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз афзоиши содироти 2.5 баробарии Теҳрон ба Баразилё хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Аҳмад Фирӯзӣ бар осонсозӣ дар тавсеаи содирот ба кишварҳои узви БРИКС таъкид кард ва гуфт: Содироти Эрон ба Бразилия дар панҷмоҳаи нахусти соли ҷорӣ бо афзоиши 2.5 баробарӣ ба 163 миллион доллар расидааст.

 Вай дар бораи ҳаҷми содирот ба кишварҳои узви БРИКС изҳор дошт: Содироти Эрон ба Бразилия дар 12 моҳаи порсол 63 миллион доллар буда, ки имсол шоҳиди рушд ҳастем.

Мудири кулли Аврупо ва Амрикои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар идома бо баёни инки дар заминаи содироти Эрон ба кишварҳои узви БРИКС, бо таваҷҷуҳ ба инки камтар аз як сол аз узвияти Эрон дар БРИКС мегузарад, афзуд: Дар тӯли ин муддат Эрон ҳузури муассире дар рӯйдодҳои баргузоршуда дар ҳавзаи саноъат ва тиҷорат доштааст.

 Фирӯзӣ бо ишора ба инки муҳиммтарин фоидаи узвияти Эрон дар БРИКС, муқобила бо таҳримҳост, гуфт: Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молӣ, дастрасӣ ба Бонки тавсеаи ҷадид, имзои қарордодҳои тиҷории ду ва чандҷониба бо кишварҳои узв ва истифода аз фурсатҳои сармоягузорӣ аз дигар фоидаҳои узвияти Эрон дар БРИКС аст.