Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Ҷаҳон режими ишғолгарро посухгӯ кунад
(last modified Tue, 08 Oct 2024 06:57:52 GMT )
Октябр 08, 2024 11:57 Asia/Dushanbe
  • Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон тааррузоти низомии режими саҳюнистӣ ба Сурияро маҳкум кард ва иқдоми ҷиддӣ дар сутуҳи минтақаӣ ва байналмилалиро барои таваққуфи ин таҷовузҳо ва посухгӯ кардани режими ишғолгар хостор шуд.

Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба истимрори наслкушии фаластиниён дар борикаи Ғазза, таҷовузи густарда ба Лубнон ва тааррузоти низомии мукаррар ба Сурия аз сӯи режими ишғолгар, идомаи ин вазъият ва беамалии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар баробари ҷангафрӯзии режими саҳюнистии Исроилро муҷиби нақзи ҷиддии сулҳу субот дар минтақа ва табаоти ҷиддӣ барои сулҳу амнияти байналмилалӣ донист.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таҷовузоти режими ишғолгар зидди кишварҳои исломӣ ва арабиро нишонае аз ситезаҷӯӣ ва тавсеаталабии зотии ин режим донист ва бар масъулияти Амрико ва соири ҳомиёни ғарбии режим дар иртикоби аъмоли хилофи ҳуқуқи байналмилал ва ҷиноёти байналмилалии режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ корвони комюнҳои ҳомили кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла маводи ғизоиву пизишкӣ барои паноҳҷуёни лубнонӣ дар шаҳраки санъати дар ҷануби шаҳри Ҳумс, дар ғарби Сурияро ҳадаф қарор доданд.