Ҳамоиши омӯзишӣ байни пизишкони тоҷик дар Эрон баргузор мешавад
Ҳамоиши омӯзишӣ ва табодули таҷриба байни пизишкони Тоҷикистону Эрон оғоз шуд, ки то 17 октябр идома хоҳад дошт.
24 пизишки тоҷик барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Ин давраи омӯзишӣ ба манзури афзоиши сатҳи дониш, табодули таҷриба байни раҳбарони бахши беҳдошти Эрону Тоҷикистон дар мавриди масоили кумакҳои аввалия баргузор мешавад. Дар тӯли давраи омӯзишӣ, пизишкони тоҷик бо сохторҳои мудириятӣ, қавонину нақши давлат дар ироаи дастрасӣ ба хадамоти пизишкӣ ошно мешаванд. Ин ба пизишкони тоҷик фурсат медиҳад то таҷрибаи мудириятро баррасӣ карда ва заминаҳои беҳбуди сиёсати беҳдоштии Тоҷикистонро мушаххас кунанд. Давраи омӯзишӣ ва табодули таҷриба байни пизишкони Тоҷикистону Эрон аз 6 октябр оғоз шуда буд.