Дидори Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон
(last modified Thu, 10 Oct 2024 07:31:13 GMT )
Октябр 10, 2024 12:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон
    Дидори Муҳаммадбоқири Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси маҷлиси шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд.

10 октябр дар Қасри миллат раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раиси маҷлиси шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки мо кишвари дусту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем.

Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гуруҳҳои дустии байнипарлумонӣ шуданд.

Image Caption

 

Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.

Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.

Ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро ҳамчунин дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.