Касби 2 медали нуқра дар мусобиқоти ҷаҳонӣ тавассути бонуи миллипуши грэпплинги Эрон
(last modified 2024-10-13T07:05:32+00:00 )
Октябр 13, 2024 12:05 Asia/Dushanbe
  • Касби 2 медали нуқра дар мусобиқоти ҷаҳонӣ тавассути бонуи миллипуши грэпплинги Эрон

Порс тудей - Ҳанифо Эйвазӣ, бонуи эронӣ дар вазни 90 килограм дар ҳар ду бахш бо бартарӣ муқобили ҳарифонаш ба финал расид.

Бонуи миллипуши грэпплинги Эрон муваффақ ба касби 2 нишони нуқра дар рақобатҳои ҷаҳонии Қазоқистон шуд.

Ба гузориши Порс тудей, Ҳанифо Эйвазӣ, бонуи эронӣ дар вазни 90 килограм дар ҳар ду бахш бо бартарӣ муқобили ҳарифонаш ба финал расид, вай бо пазириши бартарии рақиби русии худ ба медали нуқраи ин 2 бахш басанда кард.

Грэпплинг ба сабке аз гуштини модерн итлоқ мегардад, ки ду куштигир саъй доранд, бо истифода аз тактикҳо ва текникҳои мутааддид бар якдигар ғалаба кунанд. Гроплинги шомили текникҳои мавриди истифода дар бисёре аз риштаҳо, сабкҳо ва ҳунарҳои размӣ аст.

Рақобатҳои ҷаҳонии Грэпплинг-2024 дар Кохи ҳунарҳои размии шаҳри Остонаи Қазоқистон дар радаҳои синнии ҷавонон, умед, бузургсолон ва пешкисватон дар ҳоли баргузорист.

 

Барчасп