Эрон аз кишварҳои пешрави ҷаҳон дар сохти бемористон/ аз Ироқ то Тоҷикистон
(last modified Wed, 16 Oct 2024 05:51:08 GMT )
Октябр 16, 2024 10:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз кишварҳои пешрави ҷаҳон дар сохти бемористон/ аз Ироқ то Тоҷикистон

Порс тудей - Раиси Донишгоҳи улӯми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон эълом кард, ки дар заминаи сохт, таҷҳиз ва навсозии бемористонҳо дар Эрон иқдомоти бисёр хубе анҷом шудааст.

Алиризо Золӣ, раиси Донишгоҳи улӯми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи сохти бемористонҳо ҷузви кишварҳои пешрав дар ҷаҳон аст ва муҳандисони ин ҳавза дар Эрон аз дониши фаннии болое бархӯрдор ҳастанд.

Ба гузориши Порс тудей, Золӣ афзуд, дар Эрон наздик ба 1100 бемористон фаъол ҳастанд, ки 70 дарсади аз онҳо давлатӣ аст.

Гуфтанист, бар асоси гузориши Вазорати мироси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Арманистон, Тоҷикистон ва кишварҳои ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс, аз ҷумла Уммону Баҳрайн бештарин муроҷиаро бобати гардишгарии саломат ба Эрон доранд.