Ҳушдори Ироқчӣ дар бораи ба моҷароҷӯии ҷадиди саҳюнистҳо
(last modified 2024-10-16T14:13:42+00:00 )
Октябр 16, 2024 19:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ироқчӣ дар бораи ба моҷароҷӯии ҷадиди саҳюнистҳо

Саҳоб - Вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонии вазири умури хориҷаи Фаронса дар бораи паёмадҳои ҳавлноки ҳаргуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ бо Жан-Ноэл Барро, вазири умури хориҷаи Фаронса охирин таҳаввулоти минтақаро мавриди баҳсу табодули назар қарор дод.

Ироқчӣ дар ин гуфтугу бар зарурати таваққуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон таъкид карда ва нисбат ба ҳаргуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳушдор дод.

Ироқчӣ дар рӯзҳои ахир дар гуфтугуҳои телефонӣ бо мақомоти аврупоӣ ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба ҳаргуна моҷароҷӯии режими саҳюнистӣ ҳушдор дода ва аз омодагии комили Эрон барои посухи қотеъ ва пушаймонкунанда ба режими ишғолгари Қудс хабар дод.

 

Барчасп