Оғози размоиши мураккаби дарёии "IONS-2024" ба мизбонии артиши Эрон
(last modified 2024-10-20T07:06:10+00:00 )
Октябр 20, 2024 12:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши мураккаби дарёии

Порс тудей - Размоиши мураккаби дарёии "IONS-2024" (IMEX 2024) бо ҳузури теъдоде аз неруҳои дарёии кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ҳинд ва ба мизбонии нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Амир дарёдори дувум Мустафои Тоҷиддинӣ, сухангӯи размоиши мураккаби дарёии IONS- 2024- Indian Ocean Naval Symposium (IONS) (IMEX 2024) оғози ин размоишро эълом кард.

Ба гузориши Порс туде ва ба нақл аз ИРНА, вай рӯзи шанбе дар нишаст бо хабарнигорон гуфт: ин Размоиш бо паёми “сулҳ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва мушорикати ҷамъӣ” бо меҳварияти неруҳои низомӣ ва интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳузури кишварҳои Русия, Уммон, Арабистони Саудӣ, Ҳинд, Таиланд, Покистон, Қатар ва Бангладеш бо шиор “Бо ҳам барои Уқёнуси Ҳинди амну эмин” баргузор мешавад.

Вай ҳамчунин аз барномарезӣ барои анҷоми тамриноти тахассусӣ тавассути ягонҳои ширкаткунанда, ҳини азимат ба дарё хабар дод ва гуфт: Шиноварҳо ва ягонҳои ширкаткунанда дар размоиши мураккаби дарёии IONS пас аз расидан ба маҳдӯдаи таъйин шуда, сенарияҳои мухталифе, аз ҷумла кантроли ҳариқ, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот ва маҳори лаккаи нафтиро иҷро хоҳанд кард.

Размоиши неруҳои дарёии кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ҳинд аз соли 2008 ба ибтикори неруи дарёии Ҳинд ва бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои дарёӣ барои муқобила бо чолишҳои амниятии ғайри суннатӣ ва созмон ёфта аст.

 

Барчасп