Густариши ҳамкориҳои Эрону Арабистон дар ҳавзаи ҳамлу нақли ҳавоӣ
Сафири Арабистон дар Теҳрон ва сарпарасти Созмони ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо якдигар, бар густариши ҳамкориҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ байни ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз Созмони ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи душанбе Ҳусайни Пурфарзона, сарпарасти Созмони ҳавопаймоии кишварӣ дар дидор Абдуллоҳ бин Сауд Алъанзи, сафири Арабистони Саудӣ дар Теҳрон, густариши ҳамкориҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ, тасҳил дар тараддуди мусофирон ва парвозҳои саёҳатӣ ва ҳамчунин тиҷориро мавриди баҳсу табодули назар қарор дод.
Ба тозагӣ низ Ҳасани Зарнигор, сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷаддаи Арабистон ва Роид Иброҳим Алмудайҳим, раиси ҳайатмудираи фурудгоҳҳои ин шаҳр, дар дидор бо ҳамдигар, бар лузуми тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва афзоиши парвозҳо таъкид карда буданд.
Алмудайҳим ҳамчунин аз ҳамкориҳои кишвараш бо Эрон истиқбол кард ва бар талоши давлату миллати Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин фурудгоҳи Ҷадда барои ироаи беҳтарин хадамот ба зоирони хонаи Худо таъкид кард.
Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи равобити дипломатии кунунии Эрону Арабистони Саудӣ ба назар мерасад дар оянда муносиботи ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла амниятӣ ва иқтисодӣ низ густариш хоҳад ёфт.