Имом Хоманаӣ: Режими саҳюнистӣ дар нобудии муқовимат шикаст хӯрд
(last modified Wed, 23 Oct 2024 14:29:20 GMT )
Октябр 23, 2024 19:29 Asia/Dushanbe
  • Имом Хоманаӣ: Режими саҳюнистӣ дар нобудии муқовимат шикаст хӯрд

Раҳбари инқилоби исломӣ бо таъкид бар шикасти режими саҳюнистӣ дар нобуд кардани муқовимат бо вуҷуди куштори беш аз 50 ҳазор инсони бегуноҳ, шикасти бузургтарро расвоии фарҳангу тамаддун ва сиёсатмадорони Ғарб донистанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори дастондркорони баргузории Кунгураи 15 ҳазор шаҳиди устони Форс (ҷануби Эрон), ҳаводиси минтақа ва истодагӣ ва муҷоҳидати муқовиматро боиси тағйир дар сарнавишт ва таърихи минтақа хонданд ва гуфтанд: Дар сафороии ҷабҳаи муқовимат дар муқобили ҷабҳаи шарорат, пирӯзӣ аз они муқовимат аст.

 Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд: Агар амсоли шаҳид Синвор пайдо намешуданд, ки то лаҳзаи охир биҷанганд ё агар бузургоне ҳамчун шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ набуданд, ки ҷиҳод ва ақл ва шуҷоат ва фидокориро бо ҳам даромезанд ва ба майдон биоваранд, сарнавишти минтақа ба гунаи дигар рақам мехӯрд.

 Имом Хоманаӣ гуфтанд: Ба рағми ба шаҳодат расондани беш аз 50 ҳазор инсони бедифоъ ва ғайринизомӣ ва чанд тан аз сарони барҷастаи муқовимат ва ҳамчунин бо вуҷуди анбӯҳ ҳазинаҳо ва ҳимоятҳои Амрико ва русиёҳӣ ва нафрате, ки дар дунё аз онҳо эҷод шуд, ҷабҳаи муқовимат ва ҷавонони мубориз дар Ҳамос, Ҷиҳоди исломӣ ва Ҳизбуллоҳ ва соири гурӯҳҳои муқовимат бо ҳамон азм ва қудрат дар ҳоли мубориза ҳастанд, ки ин шикасти бузург барои режими саҳюнистӣ аст.

 Ишон шикасти бузургтарро аз они фарҳанг ва тамаддуни Ғарб хонданд ва гуфтанд: Қатли оми 10 ҳазор кӯдаки маъсум ва бегуноҳ бо бомбаҳои дутоннӣ ва анвоъи таслиҳот дар ҳоле, ки сиёсатмадорони ғарбӣ ҳатто хам ба абруи худ наёварданд, боиси расвоии сиёсатмадорони дурӯғгӯи ғарбӣ ва муддаиёни ҳуқуқи башар шуд ва беэътибории тамаддуни Ғарбро ба ҳамаи дунё нишон дод, ки ин бузургтарин шикаст барои онҳо аст.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҷабҳаи пуштибони режими саҳюнистиро ҷабҳаи шарорат хонданд ва афзуданд: Дар муқобили ин ҷабҳаи шарорат, ҷабҳаи муқовимат истода ва ба тавфиқи Илоҳӣ пирӯзӣ аз они ҷабҳаи муқовимат аст.

 

Барчасп