Пуйиши густардаи Эрониҳо барои кумак ба мардуми Лубнон ва Фаластин
(last modified Thu, 24 Oct 2024 06:56:36 GMT )
Октябр 24, 2024 11:56 Asia/Dushanbe
  • Пуйиши густардаи Эрониҳо барои кумак ба мардуми Лубнон ва Фаластин
    Пуйиши густардаи Эрониҳо барои кумак ба мардуми Лубнон ва Фаластин

Порс Тудей - Чаҳорумин марҳалаи пуйиши Эрони ҳамдил бо шиори « Бани одам аъзои якдигаранд » барои ҳимоят аз мардуми Фаластину Лубнон баргузор шуд .

Ба гузориши Порс тудей , ҳамроҳии мардуми Эрон бо пуйиши « Эрони ҳамдил » баъд аз паёми Раҳбари инқилоб дар моҳи гузаштаи мабнӣ бар лузӯми ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Лубнон густариш ёфт ва ақшори мухталифи мардум ба ин пӯйиш пайвастанд. .

Имом Хоминаӣ рӯзи 28 сентябр дар паёме фармуданд : Бар ҳамаи мусулмонон фарз аст, ки бо имконоти худ дар канори мардуми Лубнон ва Ҳизбуллоҳ сарафроз биистанд ва дар рӯё рӯи бо режими ғосиб ва золиму хабис , онро ёрӣ кунанд .

Пуйиши « эронӣ ҳамдил » ки то қабл аз таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва Лубнон тамоми энержӣ ва манобеашро сарфи кумак ба мардуми маҳрӯм дар дохили Эрон мекард , дар чаҳорумин фарохони худ , кумакрасонӣ ба мардуми Фаластин ва Лубнонро дар садри хадамоташ қарор дод .

3 марҳила аз ин пуйиш дар солҳои 2020 то 2022 баргузор шуд ва аз ин тариқ садҳо миллиард тӯмон кумаки нақдӣ ва ғайринақди ҷамоварӣ шуд .Дар марҳалаи чаҳоруми ин пуйиш ва пас аз паёми Раҳбари инқилоб дар лузӯми кумакрасони ба мардуми Лубнон , бонувони эронӣ низ бо эҳдои тиллоҳои мавриди истифодаи худ , гоми муҳиммӣ дар муваффақияти ин пӯйиш бардоштанд .

Илова бар мушорикати муминонаи мардуми дилсӯз , бисёре аз масъӯлон ва мақомоти Эрон низ ба пуйиш « Эрони ҳамдил » афзӯда шуданд .

Барчасп