Воқеиёт, изҳорот ва такзибияҳо перомуни таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон
(last modified Sun, 27 Oct 2024 05:27:10 GMT )
Октябр 27, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Воқеиёт, изҳорот ва такзибияҳо перомуни таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон

Порс тудей - Таҷовузи бомдоди шанбеи режими саҳюнистӣ ба нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистон ва Илом, воқеиёт, ҳавошӣ ва такзибаҳоеро ба ҳамроҳ дошт.

Ба гузориши Порс тудей, равобити умумии падофанди ҳавоии Эрон дар иттилоияе эълом кард: Режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе дар иқдоме танишзо, нуқоте аз марокизи низомӣ дар устонҳои Теҳрон, Хузистону Иломро мавриди ҳуҷум қарор дод, ки сомонаи якпорчаи падофанди ҳавоии Эрон зимн раҳгирӣ, тавонист муқобилаи муваффақ бо ин иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дошта бошад.

Бар асоси ин иттилоъия , осебҳои маҳдӯдӣ низ ба бархе аз нуқоти ворид шуда ки абъоди ҳодиса дар даст баррасӣаст .

Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар иттилоияе аз шаҳодати ду размандаи ин неру дар ҳини муқобила бо таҷовузи бомдод (шанбе)-и режими саҳюнистӣ хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба нуқоте аз марокизи низомии Ҷумҳурии исломӣ таъкид кард: Бар асоси мода 51 Маншури милал муттаҳид, Эрон худро муҳиқ ва муваззаф ба дифоъ дар баробари эъмоли таҷовузкоронаи хориҷӣ медонад.

Пас аз ин иқдоми танишзои Тел Авив, манобеи режими саҳюнистӣ ба дунболи бузургнамоии ин ҳамлаи заъиф буданд ва иддаоҳои мухталифе дар ин бора матраҳ карданд.

Дар ҳамин замина, манбаи саҳюнистӣ иддао кард, ки 100 ҳавопаймои низомии Исроил дар ин ҳамла нақш доштанд, ки ин иддао бо вокуниши Эрон мувоҷеҳ шуд. Як манбаи огоҳ ба хабаргузории Тасним гуфт, ахборе, ки мегуяд, 100 ҳавопаймои низомии режими Исроил дар ин ҳамла нақш доштанд, комилан дурӯғ аст ва режими саҳюнистӣ ба дунболи бузургнамоии ин ҳамлаи заъиф аст.

Ин манба ҳамчунин иддаои артиши Исроил мабнӣ бар ҳадаф қарор додани 20 нуқта дар Эронро ғайривоқеӣ донист ва эълом кард: Теъдоди аҳдофи душман бо фосила, камтар аз ин мизон аст. Ин манба ҳамчунин гуфт, ки иқдоми саҳюнистҳо аз берун аз марзҳои Эрон сӯрат гирифта ва осебҳои маҳдӯде ворид кардааст.

Интишори тасовири ҷаълӣ ва ахбори дурӯғ, яке дигар аз харбаҳои саҳюнистҳо пас аз таҷовуз ба Эрон буд, ин иқдоми саҳюнистҳо, ҳатто боиси таассуфи хабарнигорону корбарони исроилӣ шуд.

Хабарнигори низомии рӯзномаи “Times of Israel” дар вокуниш ба тасовире, ки Йоав Галлант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ мунташир ва иддао карда буд, ин тасовир марбӯт ба осебҳои ношӣ аз ҳамлаи Исроил ба Эрон аст, аз ин иқдом ибрози таассуф кард. Хабарнигори ин расонаи саҳюнистӣ таъкид кард, ки Йоав Галлант дар зери замин, тасовире иддаоӣ аз ҳамлаи Тел Авивро мунташир ва эълом кард, ки ин тасовири марбут ба оташсӯзии полоишгоҳи Теҳрон дар натиҷаи ҳамлаи Исроил аст.

Вай афзуд, ин тасвир марбӯт ба оташсӯзии полоишгоҳи Теҳрон дар соли 2021 аст ва рабте ба ҳамлаи Исроил надорад.

Шови Шовлӣ, корбари саҳюнист ҳам дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Фикр мекунам иқдоми заъиф кори саҳеҳе аст, ки анҷом гирифт, бо ин ҳол чаро Натаняҳу ба мо дурӯғ мегуяд?

Шокир Хафоӣ, сухангӯи полоишгоҳи Теҳрон низ бо такзиби ҳадаф қарор гирфтани полоишгоҳи Теҳрон дар ҳамлаи бомдоди режими саҳюнистӣ гуфт, ҳамакнун полоишгоҳи Теҳрон тибқи риволи одӣ дар ҳоли фаъолият аст.

Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Эрон ҳам дар вокуниш ба интишори тасовири ҷаълии мунташир шуда дар бархе расонаҳои саҳюнист гуфт: Эрон кишваре қудратманд ва муқтадир аст ва бо шайтанатҳои ин чунин дучор масъала нахоҳад шуд.

Муҳоҷиронӣ афзуд, ҳам акнун Эрон дар вазъияти одӣ қарор дорад ва ҳатто парвозҳо аз соати 9 субҳи шанбе ба риволи одии худ бозгаштааст.

Таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба Эрон вокунишҳои байналмилалӣ ҳам дар пай дошт ва кишварҳои Арабистон, Малайзия, Урдун, Қатар, Кувайт, Сурия, Покистон, давлати Санъо, Иморот, Ироқ, Уммон ва Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо судӯри баёнияҳое ҷудогона, ин таҷовузи низомиро маҳкӯм ва онро нақзи ошкори ҳокимияти Эрону нақзи қавонини байналмилалӣ унвон карданд.