Тафсир: Чаро асосан Исроил қодир ба ҳамовардӣ бо Эрон нест? 4 нуктаи кутоҳ
(last modified Wed, 30 Oct 2024 06:07:29 GMT )
Октябр 30, 2024 11:07 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Чаро асосан Исроил қодир ба ҳамовардӣ бо Эрон нест? 4 нуктаи кутоҳ

Порс тудей - Эрон дар солҳои ахир бо густариши таомулоти шабакаӣ ва мардуммеҳвар бо ҷавомеи бумии минтақа дар кишварҳои Фаластин, Лубнон, Сурия, Яман ва Ироқ ба навъе ҳампаймонии минтақаӣ даст ёфта, ки дар муқобили таҳдидоти саҳюнистӣ - ғарбӣ муттаҳидона амал мекунанд.

Ҳамлаи рӯзи шанбеи Исроил ба Эрон, фурсати дигар барои намоиши иқтидору тавсеаи стротежии Эрон дар минтақа фароҳам овард. Ин рӯйдод на танҳо нишондиҳандаи қудрати низомии Эрон, балки намоде аз як муқовимати фарҳангӣ – тамаддунӣ аст, ки бар пайвандҳои амиқи таърихӣ ва боварҳои исломӣ - эронӣ такя дорад ва ба Эрон ҳувияте фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ мебахшад. Дар ин бистар метавон ба чанд мавриди аслӣ таваҷҷуҳ кард, ки дар ин матлаб аз маҷаллаи Порс тудей зикр шудааст:

Ҳувияти таърихӣ - тамаддунии Эрон: қудрати Эрон

Дар ин тақобулҳо танҳо бар тавони низомӣ устувор нест, балки реша дар як ҳувияти таърихӣ ва фарҳангӣ дорад, ки бо боварҳои исломӣ, пайванд хӯрдааст. Ин пайвандҳои тамаддунӣ, сиёсатҳои дифоии Эронро низ ба гунае шакл медиҳанд, ки ҳатто дар даврони печидаи муосир низ қобилиятҳои хоссе ба он мебахшад.

Image Caption

Қудрати боздорандагии Эрон:

Ҳамлаи Исроил ба ҳарими Эрон бо маҳдӯдиятҳои қобили таваҷҷӯҳе рӯбарӯ шуд ва натавонист ба умқи низомӣ ва стротежии Эрон осеби ҷиддӣ ворид кунад. Ин нишон аз қудрати боздорандагии болои Эрон дорад.

Қудрати минтақаӣ аз тариқи эътилофҳои ҳамсӯ:

Эрон дар солҳои ахир бо густариши таомулоти шабакаӣ ва мардуммеҳвар бо ҷавомеи бумии минтақа дар кишварҳои Фаластин, Лубнон, Сурия, Яман ва Ироқ ба навъе ҳампаймонии минтақаӣ даст ёфта, ки дар муқобили таҳдидоти саҳюнистӣ - ғарбӣ муттаҳидона амал мекунанд. Ин эътилофҳо нақши муассире дар боздорандагӣ ва таъсиргузории Эрон дар баробари душманон ифо мекунанд.

Моҳияти ҷаълии Исроил:

Аммо Исроил ба унвони як режими номашрӯъ бо мувоҷиҳа бо ин сатҳ аз ҳувияти таърихӣ, қудрати низомӣ ва эътилофҳои ҳамсӯ, ногузир аст, ки дар ҷабҳаҳои мутааддид биҷангад ва дар муқобили таҳдидҳои стротежии Эрон даст ба иқдомоти муҳтотона бизанад.