Эҳзори кордори Олмон дар Теҳрон
(last modified Fri, 01 Nov 2024 13:41:18 GMT )
Ноябр 01, 2024 18:41 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон
    Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон

Кордори Олмон дар Теҳрон дар эътироз ба тасмими номуваҷҷаҳи вазири хориҷаи Олмон барои маҳрум кардани шаҳрвандони эронии муқими Олмон аз хадамоти консулӣ ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Анналена Бербок, вазири умури хориҷаи Олмон дар вокуниш ба эъдоми Ҷамшеди Шормаҳд (саркардаи гурӯҳаки террористии Тундар) се консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Франкфурт, Ҳамбург ва Муних (Мюнхен)-ро таътил кард.

Дар пайи тасмими ғайримантиқии вазири хориҷаи Олмон мабнӣ бар бастани консулгариҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар Олмон, Ҳанс Питер Югл, кордори Сафорати Олмон дар Теҳрон, рӯзи панҷшанбе тавассути раиси идораи аввали ғарби Аврупои вазорати хориҷаи Эрон эҳзор ва эътирози шадиди Эрон ба вай иблоғ шуд.

Дар эҳзори кордори Олмон гуфта шуд, ироаи хадамоти консулии зарурӣ ба эрониёни муқими Олмон ва ҳимоят аз манофеи онҳо назди кишвари пазиранда аст ва тасмими давлати Олмон барои бастани ин марокиз ба манзалаи маҳрум кардани амдии эрониён аз баҳрамандӣ аз имконоту хадамоти консулӣ аст.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон иқдоми вазири хориҷаи Олмонро зишт, мудохилаҷӯёна, ғайриҳирфаӣ ва орӣ аз назокат донист ва онро фоқиди ҳар гуна мабнову арзиши ҳуқуқӣ донист.

Ҳамчунин бо ёдовар шудани тааҳҳуди ҳамаи давлатҳо ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, рӯйкарди давлати Олмон дар беҳурматӣ ба қавоиди ҳуқуқи байналмилалро тақбеҳ ва ҳар гуна пуштибонӣ аз терроризму куштори инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла дар пӯшиши ҳимоят аз атбоъро маҳкум кард.