Сохти батария аз пасмонди пластмассӣ ба дасти фановарони Эрон
Ноябр 02, 2024 10:16 Asia/Dushanbe
Гурӯҳе аз муҳаққиқони Эрон бо ихтироъи равише тавонистанд аз пластмассаи ғайриқобили бозёфт, батария бисозанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муҳаққиқон бо истифода аз раванди думарҳилаии карбонсозӣ - фаъолсозӣ тавонистанд аз пластмассаҳои пасмондӣ батарияи литиум - слиниумро бисозанд. Ин дастоварди муҳаққиқони Эрон роҳкоре барои ҳифозати муҳити зист ва захираи энергия ва истифода аз пластмассаҳои ғайриқобили бозёфт аст.