Дидори донишомӯзон ва донишҷуёни Эрон бо Раҳбари Инқилоб; имрӯз
(last modified Sat, 02 Nov 2024 05:56:35 GMT )
Ноябр 02, 2024 10:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори донишомӯзон ва донишҷуёни Эрон бо Раҳбари Инқилоб; имрӯз

Имрӯз (шанбе) ба расми ҳарсола дар остонаи солрузи 13 обон, ҷамъе аз донишомӯзон ва донишҷуёни саросар Эрон бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ(ра) бо раҳбар Инқилоби исломӣ дидор хоҳанд кард.

 Сездаҳуми обон (севуми ноябри 2024) рӯзи миллии "Мубориза бо истикбори ҷаҳони" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

 45 сол пеш дар чунин рӯзе(сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрӣ-шамсӣ- чаҳоруми ноябри 1979) донишҷуёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои гуногуни Амрико зидди Инқилоби исломии Эрон, лонаи ҷосусӣ(сафорат)и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.

  13 обон ҳамчунин ёдовари се рӯйдоди муҳимм дар се марҳилаи ҳассос аз таърихи Инқилоби исломии Эрон аст. Ин се рӯйдоди муҳимм, "солрузи табъиди ҳазрати Имом Хумайнӣ (ра) ба Туркия (13 обони соли 1343 ҳиҷрӣ-шамсӣ - чаҳоруми ноябри 1964)", "куштори донишомӯзон тавассути режими паҳлавӣ (13 обон 1357 - чаҳоруми ноябри 1978 - рӯзи Донишомӯз)" ва "ҳаракати инқилобӣи тасхири лонаи ҷосусии Амрико дар Теҳрон тавассути донишҷуёни пайрави хатти Имом Хумайнӣ (р а) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон" , ки ҳар як нуқтаи сарнавиштсозе дар раванди истикборситезии миллати Эрон аст.