Рӯнамоӣ аз Ҷоми симини мутааллиқ ба давраи иломӣ дар Марвдашти Эрон
Ҷоми симин бо пешинаи беш аз 4 ҳазор сол дар музейи Тахти Ҷамшед, воқеъ дар Марвдашти устони Форс, дар ҷануби Эрон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҷом марбут ба давраи иломӣ аст ва 58 сол пеш дар Марвдашт кашф шуд,ки ба ҳамроҳи 40 асари бостонии дигар аз Музейи миллии Эрон ба музейи Тахти Ҷамшед интиқол дода шуда ва ба муддати як моҳ дар маърази диди умум қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол Сайидризо Солеҳии Амирӣ-вазири мероси фарҳангӣ,гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон асри дирӯз (7 ноябр) дар боздид аз музейи Шоҳчароғ (а)-и Шероз аз сиккаи вилоятаҳдии Имом Ризо (а) рӯнамоӣ кард.
Гуфтанӣ аст ин сикка ба муносибати вуруди имоми рауф, ҳазрати Имом Ризо (а) –набераи поки Паёмбар(с) ба Шероз дар соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба фармони халифаи вақт, Маъмуни Аббосӣ зарб шудааст.
Ба гуфтаи мудири кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Форс,ин сикка муҳиммтарин санади таърихии сафари Имоми ҳаштум (а) ба Марв аз масири шаҳри Шероз аст.