Ироқчӣ: Мақомоти Олмон бипазиранд, ки Ҷамшед Шормаҳд як террорист буд
Вазири умури хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, ки мақомот ва ҷомеаи Олмон ин ҳақиқатро бипазиранд, ки Ҷамшед Шормаҳд як олмонии террорист буд.
Пас аз солҳо шарорат ва ҷиноятҳои гурӯҳаки муздур ва террористии " Тундар" зидди мардуми мазлум ва муқтадири Эрони исломӣ, Ҷамшеди Шормаҳд,саркардаи ин гурӯҳаки террористӣ, ки омили шаҳодат ва захмӣ шудани садҳо эронии бегуноҳ буд бо ҳукми додгоҳ, душанбе 28 октябр ба сазои аъмолаш расид ва эъдом(қатл) шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайид Аббос Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки Ҷамшеди Шормаҳд,раҳбари як гурӯҳи террористӣ буд, гуфт: Ин воқеияте аст, ки давлатмардони Олмон нодида мегиранд ва алоқа надоранд ба он ишора кунанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи олмонии "Шпигел" тасреҳ кард: Шормаҳд ба интихоби худ, масъули инфиҷори як масҷид дар Шероз, ҷануби Эрон, аст, ки дар он чаҳордаҳ нафар аз ҷумла панҷ зану бача кушта ва беш аз 200 нафар низ маҷрӯҳ шуданд.
Ироқчӣ гуфт: Эътирофоти Шормаҳд марбут ба қабл аз дастгирӣ аст на баъд аз дастгирӣ! замоне, ки ӯ дар Амрико буд дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионӣ бо ифтихор аз ин амали худ ёд мекунад ва мегӯяд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди ҷанг шудааст.
Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон бо баёни инки гуноҳи Шормаҳд ба унвони як террорист ва қотили 14 нафар комилан равшан аст, афзуд: Ишон ба унвони як эронӣ дастгир ва ба Эрон мунтақил ва дар як муҳокимаи одилона бар асоси қонунҳои Эрон ба қатл маҳкум шудааст.
Ироқчӣ дар идома ба равобити вежаи Олмон ва режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт: Ҳудуди 50 ҳазор нафар дар борикаи Ғазза аз сӯи режими Исроил кушта шуданд ва давлати Олмон як иттилоияи маҳкумият ҳам содир накард.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки давлати кунунии Олмон тамоми стандартҳои ҳуқуқ башарро зери по гузоштааст, афзуд: Берлин аз як тараф бо ирсоли таслиҳот ба режими саҳюнистӣ дар қатли оми мардуми Ғазза ва Лубнон широкат дорад ва аз сӯи дигар аз террористе, ки масъули қатли 14 нафар аст, ҳимоят мекунад