Эъломи омодагии Эрон барои таъмини дору ва воксани домии мавриди ниёзи Қирғизистон
Вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон барои таъмини дору ва воксани домии мавриди ниёзи Қирғизистон эъломи омодагӣ кард.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, Ғуломризо Нурӣ, вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон дар дидор Сиддиқов, сафири Қирғизистон дар Теҳрон гуфт, муассисаи воксану серумсозии Розии Эрон омодагӣ дорад бахши бузурге аз ниёзи Қирғизистон ба доруи домиро таъмин кунад.
Вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон, баргузории чаҳордаҳумин иҷлоси камиссиони муштараки ҳамкориҳои Эрону Қирғизистонро фурсати муносибе барои густариши равобити Теҳрон ва Бишкек хонд ва бар такмили иҷрои тавофуқоти иҷлос қаблу фароҳам шудани заминаи ҳамкориҳои ҷадид таъкид кард.
Нурӣ бо баёни инки ҳамоҳангии Эрону Қирғизистон дар маҷомеъи байналмилалӣ ва ҳимоятҳои дуҷониба аз манофеи ду миллат, нишондиҳандаи сатҳи ҳамкории ду кишвар аст, гуфт, ҳамкории Теҳрону Бишкек дар созмони ЭКО ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, нишон аз дидгоҳи муштарак ва аҳдофи наздики байналмилалии ду кишвар аст.
Вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон, тавонмандии кишоварзии Эронро заминаи муносибе барои ҳамкории ду кишвар донист ва таъкид кард, Эрон омодагӣ дорад дар ҳавзаи мошинолот ва механизатсия, ба нажодии дом ва истиқрори системаҳои навини обёрӣ ва судӯри хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ бо Қирғизистон ҳамкорӣ кунад.