Таъкиди раиси маҷлиси Эрон бар ҳимоят аз Лубнон
(last modified Tue, 12 Nov 2024 05:18:26 GMT )
Ноябр 12, 2024 10:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси маҷлиси Эрон бар ҳимоят аз Лубнон

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бар ҳимоят аз миллати Лубнон дар муқобили режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои лубнонии худ гуфт: Имрӯз меҳвар Шумо ҳастед ва дар саҳнаи сиёсии Лубнон дар маркази гуфтугӯҳои марбут ба оташбасу расидагӣ ба ҷангзадаҳо қарор доред. Аз ин рӯ, меҳвари муқовимату Эрон аз Лубнон ҳимояти сиёсӣ ва ҳар гуна ҳимояти дигаре, ки лозим бошад, ба амал меоварад.

Набияи Бери, раиси маҷлиси Лубнон низ дар ин тамоси телефонӣ зимни қадрдонӣ аз тамосу эҳтимоми раиси маҷлиси Эрон нисбат ба масоили Лубнон таъкид кард: Вазъияти имрӯзи Лубнон бисёр ҳассос асту душмани саҳюнистӣ як миллиону 200 ҳазор то як миллиону 400 ҳазор лубнониро овора кардааст.

Раиси маҷлиси Лубнон бо баёни ин ки саҳюнистҳо дар ҳоли иртикоби ҷиноёте шабеҳи Ғазза, дар ҷануби Лубнон, яъне Зоҳияи ҷанубии Бейрут ва минтақаи Бақоъ ҳастанд, гуфт: Агар бихоҳам ба ихтисор шароити Лубнонро ташреҳ кунам, бояд бигӯям, ҳамон коре ки дар Ғазза кардандро дар Лубнон такрор мекунанд, албатта ин иқдом боис намешавад, ки муқовимат ба истодагиву муборизаи худ идома надиҳад.

Набия Бери бар пирӯзӣ бар режими саҳюнистӣ бо иттико бар қудрати имон таъкид кард.