Қобили истифода шудани кортҳои бонкии Эрон дар Русия
(last modified Tue, 12 Nov 2024 10:23:15 GMT )
Ноябр 12, 2024 15:23 Asia/Dushanbe
  • Қобили истифода шудани кортҳои бонкии Эрон дар Русия

Шабакаи бонкии Русия, маъруф ба «Мир» дар маросиме бо ҳузури Муҳаммадризо Фарзин, раиси кулли Бонки Марказии Эрон ба шабакаи бонкии Эрон (Шитоб) муттасил шуд то кортҳои бонкии эрониён аз ин пас дар бонкҳои Русия қобили истифода бошад.

Маросими имзои тафоҳумномаи Бонки Марказӣ бо Сандуқи тавсеаи миллӣ ва рӯнамоӣ аз иттисоли шабакаи “Мир”-и Русия ба “Шитоб”-и Эрон асри рӯзи душанбе (11.11.2024) бо ҳузури Муҳаммадризо Фарзин, раиси кулли Бонки Марказӣ дар сохтмони ин бонк баргузор шуд.

Бо иттисоли шабакаи “Мир”-и Русия ба “Шитоб”-и Эрон, аз ин пас ҳар эронӣ метавонад маблағи риёлии худро аз кортҳои эронӣ ба сурати рубл - воҳиди пули Русия аз худпардозҳо (банкоматҳо) дар ин кишвар дарёфт кунад.

Русҳо ё афроде, ки дар Русия кортҳои бонкии ин кишварро дарёфт кардаанд, метавонанд дар марҳалаи дувуми ин пружа, аз ин имкон дар Эрон баҳраманд шаванд.

Тибқи тавофуқоти бонкии ду кишвар, қарор аст дар марҳалаи сеюм кортҳои “Шитоб”-и Эрон дар пазирандаҳои фурӯшгоҳии Русия қобили истифода шавад то эрониҳо дар сафар ба ин кишвар битавонанд аз фурӯшгоҳҳои ин кишвар бо кортҳои бонкии Эрон харид кунанд.