Ройзании сарконсули Эрон дар Ҷидда ва фармондеҳи аршади Саудӣ
Фармондеҳи низомии минтақаи ғарбии Арабистон дар дидори сарконсули Эрон дар Ҷидда, иртиқои ҳарчӣ бештари равобити сиёсӣ, низомӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Эрону Арабистонро ба нафъи давлату мардуми 2 кишвару ҷаҳони ислом арзёбӣ кард.
Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз хабаргузории ИСНА, Ҳасани Зарнигор, сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷидда рӯзи сешанбе дар дидор бо сарлашгари халабон Аҳмад Ал Дабис, фармондеҳи низомии минтақаи ғарбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бораи тавсеаи муносиботи сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрону Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар партави таъкидоти мақомоти олии ду кишвари ибрози хурсандӣ ва бар лузӯми тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар таъкид кард.
Сарлашгар Ал Дабис низ бо ишора ба дастӯроти сариҳи мақомоти олии Подшоҳии Арабистони Саудӣ мабни бар тавсеаи муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, иртиқои ҳарчӣ бештари равобити сиёсӣ, низомӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро ба нафъи давлату мардуми ду кишвару ҷаҳони ислом арзёбӣ кард.