Таҳлил: Азми Эрон ва Арабистони Саудӣ барои амиқтар кардани равобит
Фаёз бин Ҳамад Ал-Вайлӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ, рузи якшанбе 10 ноябр дар раъси як ҳайъати баландпояи низомӣ вориди Теҳрон шуд ва бо генерал-майор Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Эрон дидору гуфтугу кард.
Муносибатҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ аз моҳи марти соли 2023 ба як давраи нав ворид шуданд ва ду кишвар пас аз 7 соли таниш барои рушди равобити дуҷониба иқдом карданд.
Яке аз нишонаҳои азми Теҳрон ва Риёз барои тавсеъаи равобити дуҷониба сафарҳои дипломатие аст, ки миёни тарафҳо анҷом мешавад ва мақомоти сиёсии Эрон ва Арабистони Саудӣ ба Риёз ва Теҳрон сафар мекунанд ва дидору гуфтугу ва баррасии таҳаввулоти минтақаӣ ва равобити дуҷониба доранд.
Дар ду моҳи ахир аз ҷониби мақомоти ду кишвар чандин сафарҳои дипломатӣ анҷом шудааст. Сайид Аббоси Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар авоили моҳи октябр, як моҳ пеш аз Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ дидан кард ва дар баробари дидор бо вазири умури хориҷаи ин кишвар, бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон низ дидору гуфтугӯ дошт.
Козими Ғарибободӣ, муъовини ҳуқуқи ва байнулмилалии вазири умури хориҷаи Эрон низ дар рӯзҳои гузашта аз Арабистони Саъудӣ боздид карданд, Муҳаммадризо Ориф, муъовини аввали раисиҷумҳур ва Сайид Аббоси Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар ҳамин ҳол, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, бар хости Эрон барои густариши равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаӣ бо Арабистони Саудӣ таъкид кард.
Валиаҳди Арабистони Саъудӣ дар ин гуфтугӯ ҳамчунин таъкид кард, ки равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ дар як марҳалаи торихӣ қарор дорад ва умедворам, ки равобити Эрон ва Арабистон дар ҳама бахшҳо ба болотарин сатҳҳо боло хоҳад рафт. Нуктаи муҳим ин аст, ки сафари раиси нерӯҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ ба Теҳрон дар марҳалаи кунунӣ метавонад дучанд муҳим бошад, зеро ба фарқ аз мулоқотҳои сиёсиву дипломатӣ боздиди мақомоти низомии ду кишвар камтар сурат мегирад.
Ин баёнгари он аст, ки равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ дар роҳи дуруст аст ва аз ҳаводиси кишварҳои дигар ва ё ноамниҳои феълӣ дар минтақаи Ғарбӣ Осиёи осеб надидааст.
Ин мулоқот чанд рӯз баъд аз он баргузор мешавад, ки Доналд Трамп пас аз пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА дубора вориди Кохи Сафед шавад. Дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Трамп, Теҳрон ва Риёз равобити муташанниҷ доштанд.
Матбуот тафсилоти зиёде аз мулоқоти сарони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Арабистони Саудиро нашр накардааст, аммо бархе аз расонаҳо гузориш доданд Муҳаммади Боқири дар ин дидор эълом кард Эрон алоқаманд аст неруи дарёӣ Арабистон дар соли оянда ба унвони ширкаткунанда ё нозир дар размоиши дарёӣ Эрон дар Халиҷи Форс бипайвандад нуктаи поёни ин ки дидорҳои дипломоти ва ҳамчунин изҳороти мақомоти Арабистон ва Эрон нишон медиҳад ки ду кишвар таъмиқи равобити дуҷонибаро ба унвони авлавият ва дастури кори аввали худ дар назар гирифтанд.
Сомонаи "Deutsche Welle"-и Олмон бо ишора ба раванди барқарории равобити ин ду кишвари муҳими минтақа навиштааст: Баъд аз тавофуқ дар бораи ба эътидол овардани равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки бо миёнҷигарии Чин буд, дар соли 2023 анҷом шуда буд ду рақиби минтақавӣ акнун мехоҳанд равобити худро амиқтар кунанд, маълум аст, ки амиқтар шудани равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ ба унвони ду бозигари муҳим дар таҳаввулоти минтақаӣ метавонад барои ҳалли буҳронҳои феълӣ, аз ҷумла масъалаи Фаластин низ бисёр ҳоизи аҳамият бошад.