Иқдоми хасмонаи Иттиҳоди Аврупо зидди киштиронии Эрон
(last modified Tue, 19 Nov 2024 05:09:26 GMT )
Ноябр 19, 2024 10:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими киштиронии Эрон аз сӯи Аврупо
    Таҳрими киштиронии Эрон аз сӯи Аврупо

Иттиҳоди Аврупо гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии исломии Эрон ва мудири ин созмонро ба баҳонаи иддаои беасоси дахолати Эрон дар ҷанги Украина ва ирсоли мушаку паҳпод ба Русия, таҳрим кард.

Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе муддаӣ шуд, интиқоли паҳподҳову мушакҳои сохти Эрон ва фанновариҳои муртабиту аҷзои он ба Русия ва гуруҳҳои мусаллаҳи ғайридавлатӣ дар Ғарби Осиё (Ховари Миёна) ва фаротар аз он, мавзӯи аслии таҳрим аст.

Иддаоҳо дар бораи дахолати низомии Эрон дар ҷанги Украина дар ҳоле матраҳ мешавад, ки мақомоти Теҳрону Маскав борҳо ин иддаоро рад ва беасос тавсиф кардаанд.

Эрон аз ибтидои буҳрони Украина то кунун ҳечгоҳ бахше аз ин низоъ ва даргирии низомӣ ва идомаи он набуда ва ҳамвора аз роҳкори сиёсӣ ва гуфтугӯҳои дуҷониба барои поён додан ба ин буҳрону даргирӣ ҳимоят кардааст.

Дар ҳамин росто, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон пештар бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии “X” гуфта буд, Эрон ба Русия мушакҳои боллистик ирсол накардааст.