Ҳимояти Эрон барои поён додан ба беҷазомонии сарони режими Исроил
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар гоме барои таҳаққуқи адолат ва поён додан ба бекайфармони(беҷазомони)и режими Исроил ба хотири наслкушӣ, ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар Фаластини ишғолӣ ва дигар вазъиятҳо, истиқбол мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоили Бақоӣ дар ёдоште, навишт: Дар чаҳордаҳмоҳагии наслкушии ҳавлноки режими ишғолгари Исроил дар навори Ғазза, ки дар он шадидтарин ҷиноёти байналмилалӣ вуқуъ ёфтааст, билохира шӯъбаи муқаддамотии кайфарӣ ҳукми боздошти ду ҷинояткори аслӣ, Бинёмин Натанёҳу ва Юоу Голонт, нахуствазир ва вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистиро содир кард.
Бақоӣ бо баёни инки ин ҳукм албатта мебоист ҷинояти «наслкушӣ» , ки комилан ошкорастро шомил мешуд, афзуд, ки сустии тӯлонимуддат дар муқобила бо бекайфармонии режими апартайди Исроил, ки бахши умдаи он ба воситаи мамониъат ва коршикании пайдову пинҳони Амрико дар масири иҷрои адолат будааст, боиси идома ва ташдид ҷиноёти фаҷеъ дар Фаластини ишғолшуда ва иҷрои фаврӣ ва комили ин ҳукми боздошт, метавонад коромадии низоми адолати кайфарии байналмилалиро нишон диҳад.
Девони кайфарии байналмилалӣ рӯзи панҷшанбе (21 ноябр) бо интишори баёнияе, ҳукми боздошти нахуствазир ва вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ ба далели «иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар борикаи Ғазза»-ро содир кард