Интихоби павилиони Эрон ба унвони беҳтарин ғурфаи хориҷӣ дар Намоишгоҳи таслеҳоти Покистон
Павилиони Эрон дар поёни дувоздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳот ва дастовардҳои дифоии Покистон, ба унвони беҳтарини ғурфаи хориҷии ин намоишгоҳ муаррифӣ шуд.
Дар дувоздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии таслеҳот ва дастовардҳои дифоии Покистон, ки бо ҳузури намояндагони 53 кишвар дар Карочӣ баргузор шуд, бисёре аз мақомҳои низомии Покистон, мутахассисони ҳавзаи ҷанги электронӣ ва паҳподҳо ва ҳамчунин ширкаткунандагон аз кишварҳои хориҷӣ аз павилиони Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон боздид ва аз наздик бо дастовардҳои дифоиву низомии Эрон ошно шуданд.
Дар ин рӯйдоди байналмилалӣ, павилиони Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба унвони беҳтарин ғурфа баргузида шуд ва тандиси беҳтарин ғурфа бо ҳузури генерал Чароғ Ҳайдар, муовини Вазорати тавлидоти дифоии Покистон ва сарлашкар Асад Навоз Хон, мудири кулли Созмони тавсеаи содироти дифоии ин кишвар ба сарҳанг Муҳаммадмуҳсини Шаҳобӣ, вобастаи низомии Эрон дар Покистон эҳдо шуд.