Эътилофи зидди Эронии Вашингтон дар инзиво ; Пойгоҳи мардумӣ барои ҷангталабон вуҷӯд надорад
-
Эътилофи зидди Эронии Вашингтон дар инзиво ; Пойгоҳи мардумӣ барои ҷангталабон вуҷӯд надорад
Порс тудей - Андешкадаи амрикоии Quincy дар таҳлилӣ навишт : Мухолифони тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон фақат дар ҳалқаҳои маҳдӯди навмуҳофизакорони Вашингтон ва лобии Исроил нуфуз доранд , дарҳоле, ки аксарияти қотеъи Амрикоеҳо ва ҳатто пойгоҳи Ҷумҳурихоҳони Трамп ҳали дипломотики буҳронро хостор ҳастанд .
Ба гузориши Порс тудей , бар асоси гузориши андешкдаи Quincy , мухолифони тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон фоқиди ҳимояти густарда дар миёни афкори умумии Амрико ва ҳатто пойгоҳи Ҷумҳурихоҳон ҳастанд ва Трамп дар сӯрати нодида гирифтани ин гурӯҳҳо , ҳазинаи сиёсии чандоне мутаҳаммил нахоҳад шуд .
Навмуҳофизакорон ва хостаҳои ғайривоқеъибинона
Навмуҳофизакорону муттаҳидонашон дар Вашингтон ва Исроил таълиқи комили барномаи ҳастаии Эронро хостор шудаанд , дар ҳоле ки ин мавзе аз сӯи коршиносон “ ғайриқобили қабул “ ва “ саммӣ “ тавсиф шудааст . « Сино Тӯсӣ » пажӯҳишгари аршади маркази сиёсати байналмилал , ин дархостҳоро талоше барои харобкорӣ дар дипломасии Трамп донистааст .
Ҳимояти густарда аз тавофуқ дар миёни Амрикоеҳо
Назарсанҷии донишгоҳи Maryland нишон медиҳад 69 дарсад аз Аарикоеҳо , аз ҷумла 64 дарсади Ҷумҳурихоҳон , аз як тавофуқи назорат шуда барои маҳдудсозии барномаи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунанд . Ин дар ҳолеаст ки мухолифон бо таблиғи назарсанҷиҳои гумроҳкунанда саъй дар таҳрифи афкор умумӣ доранд .
Ҳомиёни Трамп ; Аз Баннон то Taylor Greene
Чеҳраҳои таъсиргузор дар ҷиноҳи ҳомии Трамп , аз ҷумла « Steve Bannon » ва «Marjorie Taylor Greene » ба шиддат бо ҷангталабии зидди Эрон мухолифат кардаанд . « Tucker Carlson » низ ҳушдор додааст ки ҳаргуна даргирӣ бо Эрон ба фоҷеъа мунҷар хоҳад шуд.
Тағйири мавзеи қудратҳои минтақаӣ
Арабистони Саъудӣ ва дигар муттаҳидони минтақаии Амрико ки пештар зидди тавофуқи ҳастаӣ 2015 лобӣ мекарданд , ин бор аз музокироти Трамп бо Эрон ҳимоят кардаанд . Таҳлилгарон далели ин тағйирро тамоюл ба ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо медонанд .
Масири пеши рӯ : Тавофуқ бидуни ҳазинаи сиёсӣ
«Доналд Трамп » раиси Ҷумҳурӣ Амрико метавонад бо иттико ба ҳимояти пойгоҳи худ ва афкори умумӣ , тавофуқӣ бо Эрон имзо кунад ки бидӯни ниёз ба “ ғанисозии сифр “ , амнияти Амрикоро таъмин намояд . Ба гуфтаи коршиносон , ҷангталабон фақат бо таҳрифи воқеиятҳо саъй дар таъсиргузорӣ бар раванди музокирот доранд .