Дар Машҳад ҷаласаи коршиносони иҷлоси ЭКО оғоз шуд
(last modified Mon, 02 Dec 2024 17:07:47 GMT )
Декабр 02, 2024 22:07 Asia/Dushanbe
  • Дар Машҳад ҷаласаи коршиносони иҷлоси ЭКО оғоз шуд
    Дар Машҳад ҷаласаи коршиносони иҷлоси ЭКО оғоз шуд

Раиси намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ дар шимолу шарқи кишвар гуфт: Нишасти коршиносии 28-умин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ "ЭКО" субҳи рӯзи душанбе дар Машҳад оғоз шуд.

Аҳмад Маъсумифар дар ҳошияи оғози ин нишаст афзуд: Ин нишаст бо ҳузури дабири кулли ЭКО ва мақомоти баландпояи кишварҳои узв бо ҳадафи таҳияи рӯзномаи нишасти вазирони хориҷа, ки фардо баргузор хоҳад шуд, соати 9 субҳи имруз оғоз шуд.

Ба ҷуз аз ҳайатҳои коршиносон ва сафирони кишварҳои узви ЭКО дар Теҳрон, вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ то кунун вориди Машҳад шудаанд.

28-умин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ "ЭКО" фардо, сешанбеи 13-уми озар моҳ дар Машҳад баргузор мешавад.

ЭКО як созмони ҳукумати минтақавӣ аст, ки соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои узв ва аз соли 1992 бо пазируфтани ҳафт кишвари нав, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфтааст. Точикистон, Туркманистон ва Узбекистон шумораи аъзоёни он ба 10 мамлакат расид.