Афзоиши 11 дарсадии тиҷорати Эрон бо кишварҳои АвруОсиё
(last modified Sat, 07 Dec 2024 14:30:24 GMT )
Декабр 07, 2024 19:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 11 дарсадии тиҷорати Эрон бо кишварҳои АвруОсиё

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё эълом кард,ҳаҷми мубодилоти тиҷории ин иттиҳодия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 9 моҳи нахусти соли 2024 нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 11 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз ИРНА, бино бар эъломи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сабзиҷот, мева ва оҷил бештарин ҳаҷмро дар миёни колоҳои содиротии Эрон ба ин иттиҳодия доштааст, ки нисбат ба омори 9 моҳаи соли 2023, афзоиш 11 дарсадиро дар сбд содироти Эрон ба Евразия нишон медиҳад.

 Бино бар эъломи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, бештарин ҳаҷми маҳсулоти содиротии ин иттиҳодия ба Эрон дар 9 моҳи нахусти 2024 ба маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос дорад, ки ин маҳсулот ба танҳоӣ афзоиши беш аз 10 дарсадиро нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл доштаанд.

Дар солҳои ахир Эрон тавонистааст бо афзоиши содироти маҳсулоти ғайринафтии худ ба кишварҳои АвруОсиё саҳми худ дар ин бозорҳоро ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш диҳад.

 Ин табодулот ба вежа аз он ҷиҳат аҳамият доранд, ки дар шароити таҳримҳои иқтисодии ҷаҳонӣ Эрон тавонистааст вобастагии худ ба воридот аз кишварҳои ғарбиро коҳиш ва равобити тиҷории наве эҷод кунад.

 Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, як иттиҳодияи иқтисодии байнидавлатии шомили Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон аст.

 Аъзои нозири ин иттиҳодия Узбакистон, Молдова ва Куба ҳастанд. Санги бинои ин иттиҳодия ҳудуди 10 сол қабл яъне дар 2014 ниҳода шуд.

 Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пештар дар соли 2023 бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қарордоди тиҷорати озод имзо кард, ки иҷроӣ шудани он ниёзманди тасвиб дар маҷлисҳои кишварҳои узви ин иттиҳодия ва Маҷлиси шӯрои исломии Эрон аст.

 Бархе аз кишварҳои тарафи қарордод бо Эрон дар ин мувофиқатнома марҳилаҳои тасвиби онро дар парлумонҳои худ ба поён расондаанд.

 Бо ниҳоӣ шудан ин тавофуқнома ҳудуди 87 дарсади содироти колоҳои эронӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бидуни таърифаи гумрукӣ анҷом хоҳад шуд ва мутақобилан низ содироти ин кишварҳо ба Эрон аз ин имтиёз бархурдор хоҳад шуд.