Мусобиқаҳои ҷаҳонии вазнбардорӣ; Ҷои дуюми Эрон бо 10 медал
Декабр 16, 2024 13:42 Asia/Dushanbe
-
Мусобиқаҳои ҷаҳонии вазнбардорӣ; Ҷои дуюми Эрон бо 10 медал
Порс тудеӣ- Тими миллии мардонаи вазнабардории Эрон бо дарёфти даҳ медал дар ҷои дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон қарор гирифтанд.
Тими миллии мардонаи вазнабардории Эрон бо касби даҳ медал ва 560 имтиёз дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Баҳрайн мақоми дувум шуд. Ба гузориши Порс тудеӣ, тими миллии Эрон дар ин мусобиқот як медали тилло, се медали нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст овардааст.
Дар ин мусобиқот Чин бо 566 имтиёз дар ҷои аввал ва Кореяи Шимолӣ бо 495 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Барчасп