Гуфтумони Эрон тарафдорони зиёде дар дунё пайдо кардааст
Порс тудей – Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия гуфт: Ихтилофоти Эрону Русия бо Ғарб, решаҳои фарҳангии амиқе дорад.
Донишҷӯёни Департаменти равобити байналмилали Донишгоҳи Дӯстии Милал бо ҳузур дар сафорати Эрон дар Маскав бо Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия дидору гуфтугу карданд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИСНА, яке аз мавориде, ки Ҷалолӣ дар ин дидор баён кард, баҳси ихтилофоти Эрону Русия бо Ғарб буд.
Вай бо баёни инки арсаи байналмилалӣ, арсаи ихтилофот ва иштирокот аст ва ҳамин муаллафаҳо дар блокбандӣ ва дастабандии кишварҳо таъйин кунандааст, гуфт: Инқилоби Исломии Эрон бо шиори меҳварӣ на шарқӣ ва на ғарбӣ дар пайи эҳёии ҳувияти мустақил буд ва чун бо сохтори ноодилонаи такқутбии ҷаҳонӣ бо меҳварияти Амрико мухолиф буд, таҳти таҳримҳои шадиде қарор гирифт.
Ҷалолӣ бо баёни инки гуфтумони Эрон тарафдорони зиёде дар дунё пайдо карда, афзуд: Ҳарфи мантиқии мо ин аст, ки агар Амрико муддаии демократия аст, чаро набояд иродаи давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳоким бошад ва агар диктаторӣ дар дохили як кишвар бадаст; чаро дар арсаи байналмилалӣ бояд диктаторӣ бошад.
Вай бо таъкид бар инки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ талошҳои зиёде аз сӯи давлатмардони Русия барои эҷоди равобит бо Ғарб сӯрат гирифт, тасреҳ кард: Ба рағми талошҳои содиқонаи Елсин барои таомул бо Ғарб, аммо дар амал Ғарб дар сиёсатҳояш таҷдиди назар накарду рафтори онҳо мисли лабханди Жоконда буд.
Вай бо ишора ба суханронии раисиҷумҳури Русия дар 24 феврали 2022, ёдовар шуд: Давлати оқои Путин ҳам дар ибтидо сиёсаташро бар пояи таомул бо Ғарб қарор дод; аммо баъдҳо хитоб ба Ғарб гуфт, мо омада будем, ки узви Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто узви НАТО шавем, аммо шумо қабул накардед.
Ҷалолӣ бо ишора ба решаёбии илали даргириҳои Русия бо Ғарб ва ҳамчунин мухолифати Амрико бо нақшофаринии Эрону Русия дар арсаи байналмилалӣ тасреҳ кард, ихтилофоти Эрону Русия бо Ғарб, решаҳои фарҳангии амиқе дораду далели мухолифати Амрико бо нақшофаринии Эрону Русия дар арсаи байналмилалӣ ҳамин ихтилофоти мабнои фарҳангӣ аст.
Вай афзуд: Мо наметавонем пайрави либерал демокртияи Амрико бошем, зеро мо кишваре ҳастем, ки беш аз се ҳазор сол тамаддуни мудавван дорем ва шумо кишваре ҳастед, ки ҳазор сол тамаддуни мудавван доред.