Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи барқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i118370
Масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари дусту бародар ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи барқ дирӯз 19 декабри 2024 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 20, 2024 18:28 Asia/Dushanbe
  •  Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи барқ

Масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвари дусту бародар ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи барқ дирӯз 19 декабри 2024 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз «Ховар» вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи энергетика(барқ) аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати гурӯҳи «Фароб» ва ширкати «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуд. Дар ин хусус Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот, ки дар Душанбе доир гардид, мусоҳибон оид ба фаъолияти Неругоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2» ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки мулоқот дар самти ниҳоӣ намудани масъалаҳои ҷойдошта қадами устувор буда, ҳамкории мутақобили судмандро тақвият медиҳад.