Ноибқаҳрамонии духтари эронӣ дар мусобиқоти беҳтаринҳои кураши ҷаҳон
Порс тудей - Бонуи курашкори эронӣ дар мусобиқоти беҳтаринҳои кураши ҷаҳон дар Узбекистон ба мақоми ноибқаҳрамонӣ расид.
Фотимаи Бармакӣ, духтари курашкори эронӣ дар вазни +87 кг муваффақ ба касби медоли нуқраи мусобиқоти беҳтаринҳои кураши ҷаҳон шуд.
Ба гузориши Порс тудӣей, Фотимаи Бармакӣ бо ин мақом ноибқаҳрамонӣ, худро дар ҷамъи беҳтаринҳои ин ришта, боз ҳам тасбит кард.
Бармакӣ июни гузашта дар сездаҳумин давраи пайкорҳои кураши бонувони Осиё дар вазни +87 кило, медоли тиллоро тасоҳуб карда буд.
Дар сездаҳумин давраи мусобиқоти кураши қаҳрамонии бонувони Осиё, ки дар Теҳрон баргузор шуд, миллипӯшони Эрон бо касби 2 медоли тилло, 3 нуқра ва 3 брунз дар маҷмӯи тимии рақобатҳо ноибқаҳрамон шуданд.
Варзиши кураш, аз варзишҳои бостонӣ ва хостгоҳи он дар минтақаи Тоҷикистону Узбекистони имрӯзӣ аст. Ин варзиш дар тӯли қарнҳо дар маросими хоссе иҷро мешудаасту имрӯза ба шакли ҷадид ва бар асоси қавонини ҷадид иҷро мешавад. Ин варзиш тақрибан шабеҳ ба варзиши гуштин аст.