Чаро 9 дай дар Эрон рӯзи муҳимме аст?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i118470-Чаро_9_дай_дар_Эрон_рӯзи_муҳимме_аст
Порс тудей - Дирӯз (якшанбе) 9 дайи 1403 ҳиҷрии шамсӣ (29 декабри 2024) рӯзи машҳуре дар Эрон бо номи Рӯзи басират  ва мисоқи уммат бо вилоят дар Эрон буд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Декабр 30, 2024 19:09 Asia/Dushanbe
  • Чаро 9 дай дар Эрон рӯзи муҳимме аст?

Порс тудей - Дирӯз (якшанбе) 9 дайи 1403 ҳиҷрии шамсӣ (29 декабри 2024) рӯзи машҳуре дар Эрон бо номи Рӯзи басират  ва мисоқи уммат бо вилоят дар Эрон буд.

Пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар соли 1388 ҳиҷрии шамсӣ (2009) ва ба дунболи он тарҳи иддаои тақаллуб тавассути ду номзади шискатхӯрда, иддае мавҷе аз эътироз, ошӯбу иғтишошот бо модели як инқилоби рангӣ дар нуқоте аз Эрон ба роҳ андохтанд. Ба гузориш Порс тудей, асноду шавоҳиде, ки пас аз ин фитна ба даст омад, нишон дод, авомиле аз берун ва мушаххасан аз ҷониби Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ, аз муддатҳо пеш ин сенарияи инқилоби рангиро тарроҳӣ карда ва ҳидояти ин тавтеъаро ба даст гирифта буданд.

Аҳдофи ғарбиҳо дар ҷараёни ин фитна бар мабнои сиёсати як тиру ду нишон буд. Онон аз яксу асолату саломати интихобот дар Эронро нишона гирифта буданд то мардуми ҷомеъаро аз сохтори сиёсӣ дил сард кунанд ва аз сӯи дигари руъёи барандозии нармро дар сар доштанд, чаро ки медиданд гароиши мардум ба сиёсатмадорони мунтақиди Ғарб аст. Ба ҳамин далел ошӯбҳои хиёбонӣ пас аз интихоботи давраи даҳуми раёсатҷумҳурии Эрон, як рухдоди мутаъориф ва маъмӯле набуд, балки падедае буд, ки бар асоси улгӯи инқилобҳои рангӣ ва нарм ё инқилобҳои машҳур ба инқилоби махмалӣ, тарроҳӣ шуда буд.

Ин иғтишошот, ки дар рӯзҳои поёнии худ бо теъдоди каме ошӯбгар дар ҳоли анҷом буд, ба суи иҳонат ба бархе муқаддасоти исломӣ анҷомид ва мӯҷиби барангехта шудани эҳсосоти мазҳабӣ ва норизоятии мардуми Эрон шуду онон дар посух ба ин иғтишошҳо ва беҳурматиҳо ва эъломи безорӣ аз фитнагарон дар рӯзи 9 дайи 1388 (30 декабри 2009) ба роҳпаймоӣ пардохтанду ҳимояти худро аз сиёсатҳои инсонии мубтанӣ бар дин эълом карданд. Ин рӯз дар тақвими эронӣ ба номи Рӯзи басирату мисоқи уммат бо вилоят дар Эрон номгузорӣ шуд.

Бо гузашти 15 сол, мардуми Эрон ҳар сола дар ин рӯз (9 дай) ба хиёбонҳо меоянд то бори дигар басирати худро дар муқобили тавтеъаҳои душманон нишон диҳанд.