Январ 15, 2017 13:29 Asia/Dushanbe
  • БАРҶОМ дастоварди таърихӣ ва қобили эҳтиром

Фиристодаи вижаи давлати Биритониё дар умури тиҷорӣ бо Эрон, БАРҶОМ-ро дастоварде таърихӣ ва қобили эҳтиром донист.

Норман Ламонт - фиристодаи вижаи давлати Биритониё дар умури тиҷорӣ бо Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бо баёни ин ки БАРҶОМ як дастоварди таърихӣ аст, гуфт, Тереза Мэй-нахуствазир ва соири мақомоти Биритониё бар иҷрои БАРҶОМ таъкид доранд.

Фиристодаи вижаи давлати Биритониё дар умури тиҷорӣ бо Эрон афзуд, пас аз БАРҶОМ равобити тиҷории Эрон бо бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Биритониё ба шиддат афзоиш доштааст.

Ба гуфтаи Норман Ламонт, Лондон ба думболи афзоиши равобити тиҷорӣ, афзоиши содирот ва воридот бо Эрон аст. Фиристодаи вижаи давлати Биритониё дар умур тиҷорӣ бо Эрон ҳамчунин гуфт, зарфиятҳои тиҷорӣ, фурсатҳои иқтисодӣ, манофеъи касбу кор дар Эрон бисёр васеъ аст.

 

Барчасп