Таваҷҷуҳи вижаи Поп ба суханони оятуллоҳ Хоманаӣ; эътимоди масеҳиёни Гана ба Эрон
Порс тудей - Раҳбари котоликҳои ҷаҳон суханони раҳбари Инқилоби Исломӣ дар бораи ҳазрати Исо (а)-ро муҳим ва барои пайравони Масеҳ(а) таъсиргузор донист.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ватикан, дар дидор бо Поп Франсис, лавҳеро муштамил бар гузидае аз суханони ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи ҳазрати Масеҳ (а) бо унвони «Агар Масеҳ дар миёни мо буд», ба раҳбари котоликҳои ҷаҳон тақдим кард.
Ба гузориши Порс тудей, дар ин дидор, ки бо ҳузури Муҳаммадҳусайни Мухторӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ватикан анҷом шуд, Поп ин лавҳро шомили нукоти барҷаста ва муҳимме донист, ки барои пайравони дини Масеҳ(а)метавонад таъсиргузор ва нақшофарин бошад.
Тасвири қобили эҳтиром ва эътимоди Эрон дар миёни масеҳиёни Гана
Ба муносибати фарорасидани соли нави мелодӣ, Амири Ҳишматӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Гана ва усқуфи аъзам Ҷон Бонавенчор Кофи, раҳбари котоликҳои Гана дидор карданд. Раҳбари котоликҳои Гана дар ин дидор тасвири Эрон дар миёни масеҳиёни Ганаро қобили эҳтиром ва эътимод донист ва бар зарурати наздикӣ миёни ду миллат таъкид кард.
Дидор раиси қувваи қазоияи Эрон бо намояндагони ҷомеъаи аромана ва ошӯрии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон
Ҳуҷҷатулислом Муҳсини Эжаӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон дар дидор бо намояндагони ҷомеаи аромана ва ошӯрӣ (динӣ ва Маҷлиси Шӯрои Исломӣ)-и Эрон, зимни табрики мелоди ҳазрати Масеҳ(а) ва фаро расидани соли нави мелодӣ, гуфт: Бидуни тардид чунончӣ ҳар як аз анбиёи илоҳӣ, аз ҷумла ҳазрати Исои Масеҳ (а) дар асри кунунӣ мезистанд, дар муқобили ҷиноёти сабъонаи саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён дар Борикаи Ғазза сукут ва ҳимояти ҳамаҷонибаи бархе кишварҳои ғарбӣ аз ин ҷиноёт, вокуниши сахту шадид иттихоз мекарданд. Ҳуҷҷатулислом Эжаӣ афзуд, уламо ва андешмандони адён бар сатҳ ва мизони гуфтугуҳо, ҳамфикриҳо ва таъомулоти худ биафзоянд ва роҳи саҳеҳро барои саодати башар биёбанд ва пас аз он, дар иттихозу пешбурди ин роҳ, таассуб ба харҷ надиҳанд.