Имом Хоманаӣ: Муқовимати Фаластин, Исроилро водор ба ақибнишинӣ кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i118648-Имом_Хоманаӣ_Муқовимати_Фаластин_Исроилро_водор_ба_ақибнишинӣ_кард
Порс тудей- Дар пайи эъломи оташбас дар Ғазза, ҳисобҳои расонаии KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷумлае аз имом Хоманаиро мунташир карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 16, 2025 14:23 Asia/Dushanbe
  • امام خامنه‌ای: مقاومت فلسطین، اسرائیل را وادار به عقب‌نشینی کرد
    امام خامنه‌ای: مقاومت فلسطین، اسرائیل را وادار به عقب‌نشینی کرد

Порс тудей- Дар пайи эъломи оташбас дар Ғазза, ҳисобҳои расонаии KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷумлае аз имом Хоманаиро мунташир карданд.

Ба гузориши Порс тудей- Дар пайи эъломи оташбас дар Ғазза, ҳисобҳои расонаии KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷумлае аз раҳбари инқилоби исломиро ба забонҳои мухталиф мунташир карданд, ки матни он ба шарҳи зер аст:

Имом Хоманаӣ:

Имрӯз дунё фаҳмид, ки сабри мардуми Ғазза ва истодагии муқовимати фаластинӣ, режими саҳюнистиро водор ба ақибнишинӣ кардааст.

Дар китобҳо хоҳанд навишт, ки рӯзе, ҷамоате саҳюнист бо фаҷеътарин ҷиноёт, ҳазорон зану кӯдакро куштанд ва дар охир шикаст хӯрданд.

*Режими саҳюнистӣ саранҷом ва пас аз яксолу се моҳ ҷангафрӯзии ваҳшиёна ва нотавонӣ дар расидан ба аҳдофи худ, яъне озодии низомиёни асири худ аз тариқи мудохилаи заминӣ, ҳазфи муқовимати мардумии Ҳамос ва аз миёнбардоштани тавони низомии Борикаи Ғазза дар истифода аз ракет, чаҳоршанбешаб ба тавофуқи оташбас бо Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин( ҳамос) тан дод.