Дидори Путин ва Пизишкиён дар Маскав+ ВИДЕО
-
Дидори Путин ва Пизишкиён дар Маскав+ ВИДЕО
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон барои имзои созишномаи шарикии стратегӣ бо Русия вориди Маскав шуд.
Бино ба иттилои Кремл, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо Пизишкиён дидору мулоқот кард.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар мақомоти олии Русияву Эрон қасд доранд дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили кунунии минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд ва созишномаи шарикии стратегӣ миёни ду кишвар ба имзо бирасад.
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст: Нуктаи марказии ин сафар имзои созишномаи шарикии стратегӣ миёни ду кишвар аст, аммо табиист, ки ин фурсат барои баррасии ҷанбаҳои мухталифи равобити ду кишвар, таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла тағйирот дар Осиёи Ғарбӣ, хусусан дар Сурия ва Ғазза ва инчунин рӯйдодҳои арсаи байналмиллалӣ мебошад.