Январ 15, 2017 20:29 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз густариши равобит бо Албания

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон аз густариш ва мустаҳкам шудани ҳар чӣ бештари равобит бо Тирана истиқбол мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори Дитмир Бушоти, вазири умури хориҷаи Албания дар Теҳрон гуфт, давраи пасобарҷом фурсати муносиберо барои тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон– Тирана дар ҳамаи ҳавзаҳо, ба вижа дар иқтисод ва тиҷорат фароҳам кардааст.

Рӯҳонӣ тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва аз ҷумла ҳамкории марокизи донишгоҳӣ ва илмии Эрон ва Албанияро зарурӣ хонд ва гуфт, таҳкими равобити Эрон ва Албания дар ҳамаи ҳавзаҳо ба нафъи ду кишвар аст.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ишора ба зарурати муборизаи ҳамагонӣ бо хушунат, ифротгароӣ ва терроризм гуфт: “Терроризм мушкили ҷаҳонӣ аст ва яке аз вазоифи муҳими ҳама, мубориза бо хушунат ва терроризм аст”.

Рӯҳонӣ таъкид кард, Эрон ҳамвора хоҳони тақвияти пояҳои сулҳу субот дар минтақаи Балкан будааст ва Теҳрон омодагӣ дорад дар мубориза бо терроризм, бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Албания ҳамкорӣ кунад.

Дитмир Бушоти, вазири умури хориҷаи Албания низ дар ин дидор гуфт, Тирана азми ҷазм дорад то равобити худро бо Теҳрон дар ҳамаи заминаҳо густариш диҳад.

 

Барчасп