Содироти Мозандарони Эрон ба 45 кишвари ҷаҳон
-
Содироти Мозандарони Эрон ба 45 кишвари ҷаҳон
Порс тудеӣ- вилояти Мозандарон дар шимоли Эрон дар 10 моҳи гузашта ба 45 кишвари ҷаҳон беш аз 1 451 000 тонна коло содир кардааст.
Амир Ҷамшедӣ, нозири гумруки вилояти Мозандарон эълон кард: Дар давоми 10 моҳи гузашта "1403" 45 кишвари мухталиф моли содиротӣ аз гумруки Мозандаронро мизбонӣ кардаанд. Ба гузориши Порс тудеӣ, содироти вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта "1402" дар вазни 11 дарсад ва арзиш 29 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҷамшедӣ дар идома дар бораи муҳимтарин самтҳои содиротии гумруки Мозандарон гуфт: Ироқ бо арзиши 118 миллиону 814 ҳазор доллар, Русия бо арзиши 117 миллиону 25 ҳазор доллар, Туркманистон бо арзиши 24 миллиону 477 ҳазор доллар, Қазоқистон бо арзиши 13 миллиону 552 ҳазор доллар ва Покистон бо арзиши 9 миллиону 795 ҳазор доллар барои содироти молҳои гумрукии Мозандарон панҷ кишвари беҳтарин мебошанд.