35 кишвари ҷаҳон аз доруҳои биотехнологии эронӣ истифода мекунанд
-
35 кишвари ҷаҳон аз доруҳои биотехнологии эронӣ истифода мекунанд
Порс-Тудей. Дабири Анҷумани тавлидкунандагону содиркунандагони маҳсулоти биотехнологии пизишкии Эрон аз содироти ин маҳсулот ба 35 кишвар хабар дод.
Ҳусайни Амираздӣ, дабири Анҷумани тавлидкунандагону содиркунандагони маҳсулоти биотехнологии пизишкии Эрон гуфт: Бо вуҷуди таҳримҳои золимона, санъати биотехнологияи доруии Эрон дар соли гузашта ба 33 кишвар ва имсол ба 35 кишвар содирот доштааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, Амираздӣ дар ҳошияи чаҳорумин конгресс ва намоишгоҳи доруҳои биотехнологӣ ва саноеи вобаста дар Теҳрон афзуд: Санъати биотехнологияи доруии Эрон 2 миллиард доллар сарфаҷӯии арзӣ барои кишвар дорад ва 60 дарсади содироти доруии Эрон марбут ба ин санъат аст.
Дабири Анҷумани тавлидкунандагону содиркунандагони маҳсулоти биотехнологияи пизишкӣ гуфт, имрӯз аз 150 маҳсули доруии ҷаҳонии ҳавзаи биотехнология, 40 маҳсул дар Эрон тавлид мешавад.