Нишони ифтихори ҷашнвораи акси Ҷопон бар гардани аксбардори эронӣ
Порс тудей - Аккоси эронӣ бо акси «Ошиқи Фаттоҳ», мунтахаби ҷашнвораи акси Асаҳи Симбун(Asahi Shimbun)-и Ҷопон шуд.
Баҳроми Баёт, аккоси эронӣ бо акси «ошиқи Фаттоҳ», мунтахаби 85-умин ҷашнвораи байналмилалии акси Асаҳа Симбуни Ҷопон шуд.
Ба гузориши Порс тудей, ин акс аз Эрон аз суи ҳайати доварон ва дар миёни 65 кишвари ширкаткунанда, баргузидаи нишони ифтихор шуд.
Ҷашнвораи байналмилалии акси «Asahi Shimbun», яке аз қадимитарин ҷашнвораҳои аккосии ҷаҳон аст, ки тавассути Анҷумани аккосии Ҷопону муассисаи интишоротии Asahi Shimbun ба унвони дуюмин рӯзномаи пуртиражи ҷаҳон, иҷро ва намоишгоҳи он дар шаҳрҳои Токио, Нагоя, Осака ва соири шаҳрҳои бузурги кишвари Ҷопон баргузор мешавад.
Баҳроми Баёт, унвонҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар ҷашнвораҳои аккосӣ ҳам аз рутбаи аввали ҷоизаи бузурги “Agora Images”-и Испания, рутбаи аввали ҷашнвораи “Urban'sи winter”-и кишвари Англия, медали тиллоии «FIAP»-и ҷашнвораи байналмилалии акси филармонияи Қирғизистон ва нишони ифтихори нуқраӣ ва брунзи ҷашнвораи байналмилалии “WPE”-и Фаронсаро дар корнома дорад.