Январ 16, 2017 12:58 Asia/Dushanbe

Намоишгоҳи осори наққошии яке аз ҳунармандони маълули машҳадӣ дар нигорхонаи Арғувони Машҳад барпо шудааст. Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин намоишгоҳ 28 асари ранги равған ва мидоди рангии хонуми Шайдо Шукравӣ дар маърази диди алоқамандон қарор гирифтааст. Хонуми Шукравӣ 35 сол син дорад ва ин нахустин намоишгоҳи инфиродии ӯст. Хонуми Шукравӣ аз неъмати ду даст маҳрум аст ва бо поҳои худ наққошӣ мекашад.