Ин қалъаи асроросези эронӣ шуморо ба даврони бостон мебарад+тасвир
(last modified Thu, 06 Mar 2025 07:57:50 GMT )
Март 06, 2025 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ин қалъаи асроросези эронӣ шуморо ба даврони бостон мебарад+тасвир
    Ин қалъаи асроросези эронӣ шуморо ба даврони бостон мебарад+тасвир

Порс тудей- Қалъаи Рудхон Фуман яке аз пурбоздидтарин ҷозибаҳои гардишгарии устони Гилон аст.

Қалъаи Рудхон: Қалъаи ҳазор пила, бо доштани деворҳои тӯлонӣ ва сохтумонӣ асроромез ва бо аззамат, як банои дифоъии қадимӣ ба шумор меравад, ки ба делели мавқеъияти стратежикии худ дар ҳеҷ набарди фатҳ нашуд. Дар ин матлаб аз Порс тудей бо ин ҷозибаи таърихии муҳкам ва устувори устони Гилон дар шимоли Эрон, ошно мешавем.

Қалъаи Рудхон: Қалъаи ҳазор пила, бо доштани деворҳои тӯлонӣ ва сохтумонӣ асроромез.
Қалъаи Рудхон ؛  Ҷозибаи таърихии маҳкам ва устувор дар шимоли Эрон.
Қалъаи Рудхон 65 бурҷ ва  девор ба тӯли 1500 метр дорад.
Аҳолии рустоҳои қалъаи Рудхон ба  толишӣ ки яке аз забонҳои эронӣ аст, ҳарф мезананд аҳолии рустои қалъаи Рудхон ба толишӣ такалум доранд бархе коршиносон, сохти қалъаро дар даврони Сосониён ва  ҳамзамон бо ҳамлаи аъроб ба Эрон донистаанд.
Қалъаи Рудхон аз ду бахш  арг ва қурхона ташкил шудаст.
Чашмае миёни қалъа ва дар гудтарин маҳали он вуҷҷӯд дорад.
Маҳали истиқрори нигаҳбонони гушаи ҷунубии қалъа будааст.

Қалъаи Рудхон аз ду бахш   арг ва қурхона ташкил шудаст. Арг дар қисмати ғарбии ин бано дар ду табақа воқеъ шуда ва ҷинси он аз оҷур (хишт) аст.  Қаравулхонаҳо дар қисмати шарқӣ дар ду табақа бо нургирҳо ва равзанаҳои муътадид бар атроф мусаллат аст. Чашмае низ миёни қалъа ва дар амиқтарин маҳали он вуҷҷӯд дорад.

Масолеҳи  ба кор рафта дар сохти  ин қалъа оҷур (хишт) ва санг аст.
Қалъаи Рудхон бидуни шак яке аз бузургтарин  ва  шикастнопазиртарин қалъаҳои таърихии Эрони бостон будааст. 

Дар интиҳои шимолу шарқи қалъа сохтмони ду табақаи бисёр зебо вуҷҷӯд дорад ва дар  канори ҷунубӣ он кӯҳи қарор дорад , ки ғоре дар он дида мешавад ва ба гуфтаи мардум маҳали истиқрори нигаҳбонон будааст то дар сурати бурузи ҳамла ба қалъа аломат диҳанд.