Шриланка мизбони филмҳои эронӣ/ Намоиши «Боғи Киёнуш» барои навҷавонони қатарӣ
-
Тасвире аз филми «Худо ҳофиз духтари шерозӣ»
Порс-Тудей. Маркази байналмилали Созмони синамоии “Сура” дар идомаи тӯри ҳафтаҳои намоиши филми эронӣ дар Шарқи Осиё, ба тозагӣ дар кишвари Шриланка ҳузур пайдо кард.
Ҳафтаи филмҳои эронӣ дар Шриланка бо намоиши филмҳои «Дар оғӯши дарахт», «Мусофире аз Гонуро», «Худо ҳофиз духтари шерозӣ», «Бидуни қарори қаблӣ» ва «Ривояти нотамоми Симо» ба ҳиммати Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ва Идораи кулли ҳамкориҳои расонаӣ ва фазои маҷозии Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва бо мушорикати Созмони синамоии “Сура” баргузор шуд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ойини ифтитоҳияи ин ҷашнвора бо намоиши филми синамоии «Дар оғӯши дарахт» дар толори намоиши филми Ширкати миллии Филм дар шаҳри Коломбои Шриланка баргузор шуд.
Ҳамчунин коргоҳи омӯзиши синамоӣ бо ҳузури Бобаки Хоҷапошо, коргардони филми «Дар оғӯши дарахт» барои донишҷӯёну фаъолони ҳавзаи синамову филм баргузор шуд.
То кунун чаҳор ҳафтаи намоиши филми эронӣ дар кишварҳои Шриланка, Малайзия, Индонезия ва Филиппин бо мушорикати Маркази байналмилали “Сура” дар Шарқи Осиё баргузор шудааст.
Созмони синамоии “Сура” бо тамаркуз бар бозори Шарқи Осиё ба дунболи афзоиши таомулоти фарҳангиву тиҷорӣ бо бозори синамои кишварҳое бо фарҳанги наздик ва муштарак аст.
Филми синамоии «Боғи Киёнуш» дар Ҳафтаи фарҳангии Эрону Қатар намоиш дода шуд
Филми синамоии «Боғи Киёнуш», маҳсули Созмони синамоии “Сура”, бошгоҳи филми “Сура” ва Конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонон дар Ҳафтаи фарҳангии Эрону Қатар дар Давҳа ва дар ҷамъи навҷавонони ин кишвар ба намоиш даромад.
Ҳамчунин Созмони синамоии “Сура” бо се асари «Дар оғӯши дарахт», «Атролуд» ва анимейшени синамоии «Лупту» дар Ҳафтаи фарҳангии Эрону Қатар дар Давҳа, ки 26 то 30 феврал баргузор шуд, ҳузур дошт.
Ҳафтаи фарҳангии Эрону Қатар мизбони беш аз 100 ҳунарманду варзишкори эронӣ буд. Ҳамчунин ҳунармандон дар беш аз 30 ришта барнома иҷро карданду фарҳанг, ҳунар ва суннатҳои эрониро ба намоиш гузоштанд.