Убури 20 миллион тонн коло; Ҷаззобияти рӯзафзӯни Эрон дар ҳавзаи транзит
(last modified Sun, 16 Mar 2025 13:01:39 GMT )
Март 16, 2025 18:01 Asia/Dushanbe
  • Убури 20 миллион тонн коло; Ҷаззобияти рӯзафзӯни Эрон дар ҳавзаи транзит

Порс Тудей - Транзити хориҷии Эрон дар 11 моҳаи соли 1403 ба 20.3 миллион тон расид.

Бар асоси гузориши гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳаҷми транзити хориҷии Эрон дар 11 моҳаи соли 1403 ба 20.3 миллион тон расида, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта рушди 26 дарсадӣ доштааст.

Ба гузориши Порс Тудей, Фурӯди Асгарӣ, раиси кулли Гумруки Эрон унвон кард, ки бештарин мизони транзити хориҷии Эрон дар муддати ёд шуда ба тартиб аз мабдаи гумрукоти минтақаи вижаи Шаҳиди Раҷоӣ (ҷануби Эрон) бо 5.3 миллион тон, Парвизхон (ғарби Эрон) бо 4.6 миллион тон ва Бошмоқ ( ғарби Эрон) бо 2.7 миллион тон анҷом гирифтааст.

Чанд рӯзи пеш низ Ҷаборалӣ Зокирӣ, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудир омили Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон карда буд, ки транзити рейлии Эрон, дар 6 моҳи дувуми соли ҷорӣ нисбати 6 моҳаи нахуст, 50 дарсад пешрафт кардааст, ки бад-ин тартиб рекорди 1.9 миллион тоннии худро шикастааст.

Фарзона Содиқ, вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд моҳи пеш дар дидор бо дабири кулли “IRO” унвон карда буд, ки дар соли 1403, транзити Эрон ба бошгоҳи 20 миллион тониҳо мепайвандад.

Гуфтанист, бар асоси баррасии маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, истеъдодҳои транзитии Эрон 80 миллион тон дар сол аст, ки дар сӯрати фаъолсозӣ метавонад, даромади солиёна беш аз 8 миллиард доллариро оиди Ҷумҳурии Исломии Эрон кунад.

Мазияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки бо фаъол шудани каридори Шарқ ба Ғарб ё ҳамон Роҳи Абрешими қадим бо беш аз 2 ҳазор сол қидмат аз чанд марз имкони интиқоли коло аз Чинро дорад. Эрон панҷ масири транзитӣ барои иттисоли Чин ба Аврупо дорад, ки аз ин миёни се марзи фаъоли он, рейлӣ аст ва Чин метавонад аз тариқи он содирот ба Аврупо дошта бошад.

Ҳамчунин Чин метавонад барои дастёбӣ ба бозори Ҳинд ва албатта Русия аз каридори Шимол – Ҷануб истифода кунад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маънои воқеӣ чаҳорроҳи транзитии байналмилалӣ аст ва ба ҳар мизон, ки кишварҳои содиркунандаи коло битавонанд аз ин мазиятҳои рейлӣ, ҷода ва ҳатто дарёии Эрон истифода кунанд, хоҳанд тавонист дар рақобат бо руқабои ҷаҳонии худ бисёр пеш бошанд, зеро дар ҳоли ҳозир роҳҳои мувосилотӣ ва каридорӣ муҷаддадан ҷои худро дар тиҷорати ҷаҳонӣ боз кардаанд.