Савсани Фирдавсӣ, кашфи гиёҳшиносони Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад
Аъзои ҳайъати илмии гурӯҳи гиёҳшиносии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад гунаи ҷадиде аз гиёҳи Савсанро кашф ва ба дунё муаррифӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмади Низомӣ, раиси Пажуҳишкадаи улуми гиёҳӣ ва узви ҳайъати илмии гурӯҳи кишоварзии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ба хабаргузории Ирно гуфт: Ин гуна гиёҳе аз ҷинси Савсан мутааллиқ ба тираи Савсаниён аст, ки пажуҳишгарони гурӯҳи гиёҳшиносии ин донишгоҳ онро барои нахустин бор аз кӯҳҳои ҳазормасҷид ва Аллоҳуакбар дар шимоли Хуросони Разавӣ ҷамъоварӣ ва сабт карданд.
Вай афзуд: Пас аз мутолиоти тахассусии гиёҳшиносӣ рӯи намунаҳои мавҷуд дар гербарий (бонки намунаҳои гиёҳӣ) ва намунаҳои зинда дар рӯишгоҳҳои табиӣ, ин гиёҳ ба унвони гунаи ҷадиде аз Савсан ба илми гиёҳшиносии ҷаҳон муаррифӣ шуд.
Узви ҳайъати илмии гурӯҳи кишоварзии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад гуфт: Ин гунаи ҷадиди гиёҳӣ ба номи шоири баландовозаи Эронзамин Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва ба номи илмии Iris ferdowsii ё "Савсани Фирдавсӣ" номгузорӣ шуд ва намунаи тип ё санади он ҳам дар Пажуҳишкадаи улуми гиёҳии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад нигаҳдорӣ мешавад.
Вай афзуд: Рӯишгоҳи намунаи типи ин гӯна рӯи домана кӯҳҳои Ҳазормасҷид мушарраф ба рӯстои Пож, зодгоҳи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аст.
Ба гуфтаи раиси Пажуҳишкадаи гиёҳии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад гузориши ин иктишофи илмӣ дар қолаби як мақолаи тахассусӣ дар нашрияи Phytotaxa, ки дар намояи JCR қарор дорад, ба чоп расидааст.