Таҳаввул дар ташхиси саратони дастгоҳи гувориш бо кити эронӣ
(last modified Thu, 20 Mar 2025 08:17:03 GMT )
Март 20, 2025 13:17 Asia/Dushanbe
  • Ташхиси саратони дастгоҳи гувориш кити эронӣ
    Ташхиси саратони дастгоҳи гувориш кити эронӣ

Порс тудей - Маҳсӯли донишбунёни Эрон барои ташхиси саратони рӯдаи бузург бумисозӣ шуд .

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Имрони Имомӣ фанновари тавлиди ин маҳсӯли донишибунён дар Исфаҳон маркази Эрони имрӯзи панҷшанбе гуфт : Кит ё бастаи ташхиси саратони дастгоҳи гувориш бар пояи фанновариҳои навини маҳсӯлӣ донишбунён ки пас аз 8 соли кори пажӯҳишӣ дар остонаи тиҷорӣ шудан аст ва бо як сеюм қимати мушобеҳи намӯнаҳои хориҷии амрикоӣ ва чинӣ метавонад тавлид шавад .

Имрони Имомӣ афзӯд : Бастаҳои феълии ташхиси саратони дастгоҳи гувориш дар бозор ба тавр дақиқ наметавонад саратонӣ ё ғайри саратонӣ бӯдани тӯдаи рӯдаи бузургро мушаххас кунад , аммо бастаи ташхиси саратони дастгоҳи гувориши ин ширкати донишбунён диққату ташхиси болои 90 дарсадӣ дар саратонӣ ё ғайри саратонии тӯдаҳо дорад .