Эрон яке аз кишварҳои бартари ҷаҳон дар ҳавзаи радиодоруҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i119394-Эрон_яке_аз_кишварҳои_бартари_ҷаҳон_дар_ҳавзаи_радиодоруҳо
Порс тудей- Раиси созмони энержии атомии Эрон аз қарор гирифтани ин кишвар дар ҷамъи кишварҳои бартари тавлидкунандаи радиодоруҳо хабар дод.
(last modified 2025-10-23T03:55:04+00:00 )
Март 27, 2025 12:30 Asia/Dushanbe
  • Тасвир аз «Муҳаммади Исломӣ» Раиси созмони энержии атомии Эрон
    Тасвир аз «Муҳаммади Исломӣ» Раиси созмони энержии атомии Эрон

Порс тудей- Раиси созмони энержии атомии Эрон аз қарор гирифтани ин кишвар дар ҷамъи кишварҳои бартари тавлидкунандаи радиодоруҳо хабар дод.

« Муҳаммади Исломӣ » Раиси созмони энержии атомии Эрон шомгоҳ чаҳоршанбе гуфт : маҷмӯъаи санъати ҳастаии Эрон дар масири тавсеа ва барои баҳрабардории ҳарчӣ бештар аз сарфаслҳои гӯногӯни фанноварии ҳастаӣ талош мекунад . Ба гузориши Порс тудей , Исломӣ афзӯд : Шитобдиҳӣ дар эҳдоси нерӯгоҳҳои барқии ҳастаӣ , роҳандозии сомонаҳои партавдиҳи барои кумак ба кишоварзӣ , шукӯфои иқтисоди маъдан , баҳрагирӣ аз фанноварии пласма барои дармони саратон ва низ тавлиди радиодоруҳои мавриди ниёзи ҷомеъа ки Эронро дар ҷамъи кишварҳои бартари тавлидкунанда ҷой додааст , бахше аз ифтихороти фарзандони сарафрози Эрон аст, ки донишмандони ҷавони мо ба он даст ёфтаанд .

Дар солҳои ахир , донишмандони ҳастаии Эрон муваффақ шудаанд анвоъи маҳсӯлоти пур масрафро, ки мавриди ниёзи марокизи илмӣ ва таҳқиқотии ин кишвар аст , тавлид кунанд ; Ба унвони мисол донишмандони эронӣ дар ҳавзаи ташхис ва дармони саратон ба иктишофоти муҳиммӣ даст ёфтаанд ки вориди марҳалаи озмоиши болинӣ (чекоб) хоҳад шуд ; Эрон ҷузви 5 кишвари бартари ҷаҳон дар ин ҳавза аст