Гӯштини озоди Эрон қаҳрамони Осиё шуд
(last modified Mon, 31 Mar 2025 12:14:18 GMT )
Март 31, 2025 17:14 Asia/Dushanbe
  • Гӯштини озоди Эрон қаҳрамони Осиё шуд

Порс Тудей - Тими миллии гӯштини озоди Эрон бо касби 4 медали тилло, як нуқра ва 4 брунз барои сиюмин мартаба ба унвони қаҳрамонии Осиё даст ёфт.

Дар поёни рақобатҳои 5 вазни дувуми гӯштини озоди қаҳрамонии Осиё дар Урдун, Абулфазли Раҳмонӣ дар 86, Амирҳусайни Фирӯзпур дар 92 ва Амирризои Маъсумӣ дар вазни 125 килограм соҳиби медали тилло шуданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Аҳмади Муҳаммаднажоди Ҷавон дар вазни 61 килограм низ ба медали брунз расид.

Пеш аз ин ва дар 5 вазни нахусти ин мусобиқот, Меҳдии Юсуфӣ дар вазни 79 килограм ба медали тилло расид, Мелоди Волизода дар вазни 57 килограм соҳиби медоли нуқра шуд ва Аббоси Иброҳимзода дар 65, Сино Халилӣ дар 70 ва Мубини Азимӣ дар вазни 97 килограм низ соҳиби медали брунз шуданд.

Ба ин тартиб, тими миллии гӯштини озоди Эрон дар поёни рақобатҳои қаҳрамонии Осиё бо касби 4 медоли тилло, як медали нуқра ва 4 медоли брунз ва бо маҷмӯи 190 имтиёз бо иқтидор ба унвони қаҳрамонии Осиё даст ёфт.